Ба истифода додани бинои осорхонаи таърихии шаҳри Истиқлол

  Ба истифода додани бинои осорхонаи таърихии шаҳри Истиқлол <a href="https://t.
Ба истифода додани бинои осорхонаи таърихии шаҳри Истиқлол
Yayın: 01 Nisan 2023 Bugün, DÜNYA Google News

 

 

 

Ба истифода додани бинои осорхонаи таърихии шаҳри Истиқлол

.2023 , шаҳри Истиқлол

30 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Осорхонаи таърихии шаҳри Истиқлолро мавриди истифода қарор доданд.

Бинои осорхона дар доираи амалӣ намудани тадбирҳои созандагию ободонӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мусоидати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз тарафи соҳибкорони ватандӯст бо тарҳи меъмории миллӣ навсозӣ карда шудааст.

 

 

 

 

 

Бинои осорхона 1-ошёна буда, дар он 3 толори нигоҳдории нигораҳои таърихӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мавҷуд аст, ки давраҳои гуногуни таърихии шаҳри Истиқлолро бозгӯ мекунанд.

Ба ақидаи таърихшиносон қадимтарин ёдгорие, ки дар ин осорхона нигоҳ дошта мешавад, таърихи беш аз 500-сола дорад.

Дар иншоот толори калон дар масоҳати 256 метри мураббаъ, хазина ва даҳлез ҷойгир аст.

Дар толори намоишии осорхона ҷои нигоҳдории нигораҳо, ҳуҷраҳои корӣ, ташхисгоҳ ва дигар иншооти хизматрасонӣ мавҷуд аст.

Нигораҳо ва тасвирҳо дар осорхонаи мазкур аз гузаштаи таърихи куҳани шаҳри Истиқлол шаҳодат дода, дар муаррифии ёдгориҳои он нақши муҳим дорад.

Мавриди зикр аст, ки дар шаҳри Истиқлол ёдгориҳои таърихии дар натиҷаи кофтуковҳои археологии олимон пайдо гардида, дар осорхона ҳифзу нигоҳдорӣ карда мешавад.

Инчунин ҷиҳати зебо нигоҳ доштани иншооти мазкур дар атрофи он корҳои кабудизоркунӣ анҷом ёфта, дарахтони ороишию сояафкан шинонида шудааст.

Лозим ба ёдоварист, ки дар доираи сиёсати фарҳангпарварона ва таърихдӯстонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат, аз ҷумла вилояти Суғд иншооти зиёди фарҳангӣ бо тарҳи муосир бунёд гардида, ёдгориҳои таърихӣ низ навсозӣ шудааст, ки ҳамасола сайёҳони дохилию хориҷӣ аз онҳо боздид менамоянд.

facebooktwitter

kaynak:http://www.president.tj/node/30344?utm_source=dlvr.it&utm_medium=twitter

 

 

Son Güncelleme: 01 Nisan 2023